Вафоти нобаҳангоми Нумонҷон Ҳакимов, собиқ директори Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Коркунони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ даргузашти нобаҳангоми собиқ директори Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дар вилояти Суғд, Нумонҷон Ҳакимовро, ки дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт, изҳори тасаллияти самимона менамоянд.
Нумонҷон Ҳакимов яке аз муассисони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, аз соли 2004 — замони таъсиси Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд то соли 2019 ҳамчун роҳбари он фаъолият намудааст.
Баъд аз хатми Институти кимиёю технологии Москва ба номи Д.И. Менделеев дар соли 1968 фаъолияти меҳнатиашро дар Заводи гидрометаллургии Корхонаи кимиёву кӯҳии Ленинобод (ҳоло КҲФ “Металлҳои нодири Тоҷикистон”) дар шаҳри Бӯстон оғоз намуда, дар тӯли 34 сол аз корманди одӣ то ба вазифаи директор расид. Дар давоми 13 сол роҳбарии Заводи гидрометаллургии КҲФ “Востокредмет”-ро, ки ба коркарди уран ва маъданҳои тилло машғул буд, ба уҳда дошт.
Ҳангоми фаъолияти худ дар вазифаи директори филиали Агентӣ, ӯ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод ҷиҳати барқарорсозии иншоотҳои пасмондаи уран. Дар замони роҳбарии Нумонҷон Ҳакимов тамоми партовҳои саноатии урани вилояти Суғд ба қайд гирифта шуданд, ки ҳаҷми партовҳо ва минтақаҳои олудашударо бо радионуклидҳо муайян намуд. Зери роҳбарии ӯ қисме аз ин партовҳо безарар гардонида шуда, дар қисматҳои дигар корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Нумонҷон Ҳакимов яке аз мутахассисони соҳаи коркарди уран ба шумор мерафт, ки зери роҳбарии ӯ як қатор кормандони Агентӣ рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд, аз ҷумла худи директори ҳозираи Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода. Ӯ ҳамчун як олим ва муҳаққиқи барҷаста тадқиқоти зиёдеро дар самти коркарди дубораи партовҳои уран ва истихроҷи уран аз обҳои шахта ва техникӣ анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар замони роҳбарии ӯ низоми иҷозатномадиҳӣ барои муассисаҳои тиббӣ ва корхонаҳои дигар, ки манбаъҳои радиатсияи ионизаткунандаро истифода мебаранд, роҳандозӣ шуда, харитаи радиоэкологии вилояти Суғд таҳия гардид, ки барои рушди иқтидорҳои истеҳсолии минтақа аҳамияти хос дорад.
Фаъолияти тӯлонии Нумонҷон Ҳакимов дар дохил ва хориҷи кишвар шоистаи қадршиносӣ гардида, ӯ бо медали “Барои шуҷоат” (1975), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), медали “Собиқадори саноати атомии Федератсияи Русия” (1999) сарфароз гардонида шудааст.
Нумонҷон Ҳакимов дар корҳои давлатӣ низ фаъолона ширкат варзида, аз соли 1995 то 2015 чор маротиба ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) интихоб шудааст. Соли 2008 ба муносибати саҳми арзандааш ба ӯ унвони “Шаҳрванди фахрии Чкаловск” дода шуд. Дар соли 2012 барои корҳои илмии пурсамараш бо ҷоизаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардид.
Инчунин, моҳи октябри соли 2019 бо қарори роҳбарияти Агентӣ бо медали “15 соли хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.
Вафоти ин фарзанди бузурги миллат талафоти бузург барои саноат ва илми тоҷик мебошад.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба аҳли хонавода, дӯстону ҳамкорон ва кормандони филиали Агентӣ дар вилояти Суғд, ки муддати зиёд таҳти роҳбарии ӯ фаъолият доштанд, тасаллияти амиқи худро баён менамояд.